Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: модар

Шеърҳои марбут ба теги «модар» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

👁 9

Ту монанди замин танҳоӣ, модар, Ту монанди замин яктоӣ, модар. Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ Миёни ҳам басо тақсим карданд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ба модарам

👁 139

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният, Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ

👁 74

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ, Ҳам қимати қомати расоям будӣ. З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман, Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ

👁 108

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ, Дунё баумед асту умедам додӣ. То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ, Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро

👁 51

Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро? Дар чорсуи азоб раҳ додӣ маро? Аз синаи гарми хеш берун кардӣ, Дар синаи сарди хок бинҳодӣ маро.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд

👁 46

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд, Фазоеро паи парвоз доданд, Чу моро модарон зоданд рӯзе, Заминро ҳамчу пойандоз доданд

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аё модар, мадори ман ту будӣ

👁 111

Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аё модар, ба қурбони ту мирам

👁 68

Аё модар, ба қурбони ту мирам, Чу муҳри меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор, Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ

👁 57

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар

👁 93

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам

👁 47

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, Дуоям кун, дуоятро бигирам. Намемирӣ ту, эй модар, агар ман Барои модари миллат бимирам!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модари бечораи ман

👁 57

Дар миёни кӯҳсорон Бо навои обшорон, Бо сафои чашмасорон, Бо суруди боду борон,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Насиҳати модар

👁 49

Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост! Он ҳама коре, ки ният мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд

👁 49

Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд, Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд. Зиндагон бар мурдареги зиндагӣ жӯлидаанд, Зиндагӣ аз зиндагонӣ буданаш навмед ш

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора

👁 22

Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора, Биё аз як гиребон сар барорем, эй накӯкора! Намебинӣ, намесӯзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ, Ки механдад ба ҳоли мо ҳама

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 100

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ватан

👁 111

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ