Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: модар

Шеърҳои марбут ба теги «модар» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар

👁 96

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам

👁 47

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, Дуоям кун, дуоятро бигирам. Намемирӣ ту, эй модар, агар ман Барои модари миллат бимирам!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модари бечораи ман

👁 58

Дар миёни кӯҳсорон Бо навои обшорон, Бо сафои чашмасорон, Бо суруди боду борон,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Насиҳати модар

👁 51

Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост! Он ҳама коре, ки ният мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 249

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Ёд кардам

👁 38

Салом, эй ёдҳои талху ширин, Салом, эй бодҳои хобу бедор, Салом, эй рӯзгори тору равшан, Салом, эй дидаҳои масту ҳушёр,

Толиб Озарахш
Толиб Озарахш

Набинад модари мо ранҷу озор

👁 17

Набинад модари мо ранҷу озор, Варо бошад чу фарзанди вафодор. Шукуфон мешавад монанди гулзор, Худо розӣ зи фарзанди сазовор.

М
Мирзоюсуф Тоҳирӣ

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт

👁 108

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек, Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт

Ш
Шоири номаълум

Маро Туркий наҷод асло магӯед

👁 52

Маро Туркий наҷод асло магӯед, Наям турки забоне турки нишоне. Маро мавлуд Бухорои Шариф аст, Алам бардори фарҳанги ҷаҳоне.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ман тариқи зиндагиро аз башар омӯхтам

👁 30

Ман тариқи зиндагиро аз башар омӯхтам, Одаму одамгариро аз Падар омӯхтам. Он қадар болам зи Модар шири покам дода буд, Покиву покизагиро ин қадар омӯхтам.

Умари Хайём
Умари Хайём

Барои Қобилҷон

👁 25

Дасташ шиканад он, ки бикушт Қобили моро, Ғарқобаи хун карда ҳазорон дили моро. То кай ту бигу милатгарои малъун, Бо доси аҷал медарави ҳосили моро?

Бону Саида Муҳидинзода
Бону Саида Муҳидинзода

Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак

👁 34

Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак, Рақси фари парасту дар осмон муборак. Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем, Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.

Гулрухсор Сафӣ
Гулрухсор Сафӣ

Барф

👁 26

Оча, ин барфро бин, Гулҳои сафед барин! Боғи мо шуд саросар Сап- сафеду гул ба сар.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд

👁 50

Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд, Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд. Зиндагон бар мурдареги зиндагӣ жӯлидаанд, Зиндагӣ аз зиндагонӣ буданаш навмед ш

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора

👁 22

Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора, Биё аз як гиребон сар барорем, эй накӯкора! Намебинӣ, намесӯзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ, Ки механдад ба ҳоли мо ҳама

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар субҳдаме азми сафар созаму рав

👁 21

Дар субҳдаме азми сафар созаму рав, З-ин воқеа худро бадар андозаму рав. Дар домани абр чанг занам исовор, Ҷома ба канори модар андозаму рав.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Азизу меҳрубонам кист? Модар

👁 79

Азизу меҳрубонам кист? Модар Фуруғи дидагонам кист? Модар Забони модарӣ омӯхт бар ман Ҳамеша дар забонам кист? Модар

Ш
Шоири номаълум

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 111

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сухан гуфтан ба гӯши кар, чӣ ҳоҷат?

👁 23

Сухан гуфтан ба гӯши кар, чӣ ҳоҷат? Зару зевар ба гӯши хар, чӣ ҳоҷат? Баёни дарди дил, аз ноилоҷи, Ба гӯши мардуми бесар, чӣ ҳоҷат?

Ш
Шоири номаълум

Беҳин коре, ки андар зиндагонист

👁 91

Беҳин коре, ки андар зиндагонист Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист. Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор, Кас аз дасту забони худ маёзор,

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Гӯянд, маро чу зод модар

👁 65

Гӯянд, маро чу зод модар, Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт. Шабҳо бари гоҳвораи ман Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Эраҷ Мирзо
Эраҷ Мирзо

Қадри модар

👁 83

Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз Туро чун ҷон ба бар бечора модар.

Эраҷ Мирзо
Эраҷ Мирзо

Бо ҷавонӣ сар хуш аст ин пири бетадбирро

👁 35

Бо ҷавонӣ сар хуш аст ин пири бетадбирро, Ҷаҳл бошад бо ҷавонон панҷа кардан пирро. Ман ки бо мӯе ба қувват барнаёям, эй аҷаб, Бо яке афтодаам, к-ӯ бигсилад зан

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан

👁 127

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам

👁 178

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. Ҳар касе рӯзи беҳе металабад аз айём Иллат он аст, ки ҳар рӯз бадтар мебинам.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ
Саҳифаи 2 аз 2