Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бону Саида Муҳидинзода
Бону Саида Муҳидинзода

Барои Қобилҷон

Дасташ шиканад он, ки бикушт Қобили моро, Ғарқобаи хун карда ҳазорон дили моро. То кай ту бигу милатгарои малъун, Бо доси аҷал медарави ҳосили моро? Бо тарс гаҳе мекаши инҷо нафасеро, Бегона шиносад зи куҷо қадри касеро? Заҳмат бикаши гарчи ба рузону шабонаш, Боло зи ту донанд ба Худо хору хасеро. Мо зора кунем огаҳу бахшанда Худоро, Э кош диҳад сабри ҷамил миллати моро. Фирдавс шавад ҷойи ту эй Қобили модар, Чун марги ту ларзонд заминрову саморо!