Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бону Саида Муҳидинзода
Бону Саида Муҳидинзода

Бо сабури ғӯраам ҳалво нашуд

Бо сабури ғӯраам ҳалво нашуд, Як дари дил ҳам ба рӯям во нашуд. Ёри худ бишмурдаам бегонаро, Ёри мардум ҳеҷ гаҳ аз мо нашуд. Қатра гаштам, дар куҷо дарёи ман?, Зиндаги эй марди бепарвои ман. Ҷойи гул охир бигу аз баҳри чӣ? Хорҳо бинҳода зери пойи ман? Ман заминам, осумони ман куҷост? Дар куҷо аст хона? - Хони ман куҷост? Он қадар ҷон кандаам аз баҳри дон. Дона ҳаст,- бечора ҷони ман куҷост? Хона гаштам, хона бо девори каҷ, Гарчи дорам ман ҳазар аз кори каҷ. Бори ғамҳоям ба манзил кай расад? Чун ниҳоданд бор дар кулвори каҷ. Шед гаштам пушти абри ҳасратам, Офарин гуфтам ба сабри ҳасратам. Орзуйи ҷома нопушидаро, Месупорам ман ба қабри ҳасратам... Абри борон гаштаму боридаам, Бар дилам тухми вафо коридаам. Чашма гаштам аз сари куҳи баланд, То ба пойи сангҳо шоридаам. Зиндаги буди ту худ як носипос, Кай куни аз ҳоли ин дил пурсу пос. Гум шудам андар миёни ҷангалат, Ҷустучу кай карди байни ому хос?