Бедорӣ маро ёр шуда, хоб куҷойӣ?
Бедорӣ маро ёр шуда, хоб куҷойӣ?
Тор аст шаби ялдоию маҳтоб куҷойӣ?
Бо оби харида нашикаст ташнагии дил,
Эй руди ба сангҳо задаи ноб куҷойӣ?
Эй бор Худованд ту раҳимию каримам,
Ҳарчанд , ки ман сокини ин шаҳри азимам.
Як лаҳза маро ёди Ватан худ нагузорад,
Бечораву афгораму бо қалби дунимам.
Бар шаҳри азим аз сифати деҳ нагӯям?
Як зарраи хоки ӯ зи ту беҳ нагӯям?
Аз майзадаҳо гӯяму аз сардҳавояш,
Аз шеду зи он мардуми солеҳ нагӯям ?
Хоҳам, ки равам дараи Варзоб нишинам,
Бо бурдаи ноне лабаки об нишинам.
Бо ёри вафопешаву бо хеши қарине,
Болои кате дар шаби маҳтоб нишинам!