Чархо фалако ошиқи зорат будам
Чархо фалако ошиқи зорат будам,
Ман ёр туро гуфта канорат будам.
Ҳар лаҳза паи хоҳишу ҳар фармонат,
Чун навкараки самандсаворат будам.
Эй чархи фалак бубин,ки хорам кардӣ?
Дар аспи ғами худат саворам кардӣ.
Аз мо ту баланд намуда хокистари раҳ,
Мӯҳтоҷ ба ӯ оинаворам кардӣ!
Чархо фалако мисоли қасри дударӣ,
Аз дарду ғаму ғуссаи мо бехабарӣ,
Аз кӯи ту кас буйи вафое нашамид,
Гирён ба ҷаҳон овари,гирён бибарӣ?
Чархо фалако хоки заминам кардӣ,
Садҳо ғаму ғусса дар ҷабинам кардӣ.
Сад кишвари шодӣ асту аз баҳри чӣ гӯ?
Дар мулки ситам ту хушачинам кардӣ.
Эй чарх ту умри ҷовидонам надиҳӣ,
Бе ғуссаву ғам ниммаи нонам надиҳӣ?
Ҳар чи ,ки бихоҳи паи фармони туям,
Он чи,ки бихоҳам ту ҳамонам надиҳӣ.
Эй чархи фалак аҷаб шикастам додӣ,
Дар сояи ғам ҷои нишастам доди.
Дар арши само сиришта хоку гили мо,
Охир зи чӣ пас толеъи пастам додӣ?
Чархо фалако аҷаб сияҳгил будаӣ,
Бар хурдани хуни мо ту моил будаӣ.
Садҳо дилу дида бурдаи аз ману мо,
Донистамат оқибат,ки бедил будаӣ.
Чархо фалако зи гардишат безорам,
Хунобаи ғам додаи,ғамбеморам.
Не дард даво дораду не сӯз ҳисоб,