Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бону Саида Муҳидинзода
Бону Саида Муҳидинзода

Дур аз Ватанам маро чу тақдирам кард

Дур аз Ватанам маро чу тақдирам кард, Ин ғурбати бегона замингирам кард. Рафтам зи барат замини бобоии ман, Дода ба хазон ҷавониро пирам кард. Гӯ баҳри чӣ кардаи раҳо домонам? Дарди дили ман туву, туйи дармонам. Рӯзе зи барат рафтаву сарсон гаштам, З- он рӯз ҳамеша дар азоб аст ҷонам. Ман чипта харидаам равам суйи Ватан, То пур шавад димоғам аз бӯйи Ватан. Баргаштаву хоки поки ӯ бӯса кунам, То нӯш кунам ҷуръае аз ҷуйи Ватан. Дар кишвари бегона аҷаб хаста шудам, Бебанд ба солиён чаро баста шудам? Будам зани оҳанин бигу баҳри чӣ пас, Монанди булур зи дури бишкаста шудам. Ё ваҳ чи хушам, ки меравам хонаи худ, Ман масти худам ҳастаму днвонаи худ. Як бурдаи нону косаи оби зулол, Беғам бихурам обаку ҳам донаи худ. Ман нақл кунам ҳазору як шабҳоям, То кай ба Худо мераваму меоям? Як пой дар инҷову дигар пой онҷо, Ман марди сафар гашта куҷоаст ҷоям?