Рафтам ба беморхона
Андаке шудам бемор,
Гуфтам намеравам кор.
Ба сӯйи беморхона,
Саҳар шудам раҳсипор.
Онҷо бисёр буд одам,
Навбат истодам як дам.
Навбати мо ҳам расид,
Беморҳо ҳам шудан кам.
Чун даромадам аз дар,
Духтур гуфто -шин додар.
Арзу шикоятат гӯй,
Мо ҳам кунем кора сар.
Гуфтам,ки баъди зуком,
Ҳеҷ намегирам ором.
Иштиҳо ҳам надорам,
Дард мекунад ҳама ҷом.
Гуфто ,ки рангат зард аст,
Дасту поҳоят сард аст.
Ҳоло маълум мекунам,
Туро чи гуна дард аст.
Пасон хеле кад пат-пат,
Сони навишт дорухат.
Аз фалон дорухона ,
Мегири гуфто фақат.
Доруҳояш аз фирма,
Аз Ҳиндустону Бирма.
Мекушад микробҳоро,
Резонад кирму чирма.
Хостам аз дар бароям,
Ӯ лек шинонд дар ҷоям.
Гуфто пули ташхис ку?
Ман чӣ сақич мехоям?
Накардам ман баҳона,
Ташхис ай сараш мона.
Барои як дорухат ,
Додам ман бист сомона.
Рафтам ба дорухона,
Гирифт ҳафсад сомона.