Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
М
Мирзоюсуф Тоҳирӣ

Набинад модари мо ранҷу озор

Набинад модари мо ранҷу озор, Варо бошад чу фарзанди вафодор. Шукуфон мешавад монанди гулзор, Худо розӣ зи фарзанди сазовор. Агар гирӣ дуои модари хеш, Насозӣ қалби ӯро лаҳзае реш, Қадам аз баҳри хизмат монӣ бар пеш, Шавад меҳри Худовандӣ ба ту беш. Азизам, ҳурмати модар, падар дор, Ягон лаҳза дили онҳо маёзор, Шабу рӯз баҳрашон мебош ғамхор, Шавӣ бар раҳмати Холиқ сазовор. Куҷо бошад чу модар шахси ғамхор? Бувад модар ба фарзандаш парастор. Аз ин рӯ ҷони ман, дар гӯш медор, Шабу рӯз хизмати модар ба ҷо ор!