Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиб Озарахш
Толиб Озарахш

Ёд кардам

Салом, эй ёдҳои талху ширин, Салом, эй бодҳои хобу бедор, Салом, эй рӯзгори тору равшан, Салом, эй дидаҳои масту ҳушёр, Шуморо ёд кардам, ёд кардам! Шуморо ёд кардам чун ғарибе Ки ҳар шаб хоб мебинад Ватанро Мисоли булбули ғурбаткашида Ки менолад ҷудоии чаманро. Шуморо ёд кардам чун ятиме Ки аз оғӯши модар ёд дорад Мисоли моҳии афтода дар хок Ба лаҳни хештан фарёд дорад: Фиғон аз дасти бераҳми ҷудоӣ, Маро аз буду нобудам ҷудо кард Тани танҳо ба саҳроям бияфканд, Дареғогӯи даргоҳи Худо кард. Салом, эй бодҳо, эй ёдгорон, Салом, эй бодҳо, эй раҳгузорон. Салом, эй чашмҳои масту ҳушёр Салом эй дӯстдорон, дӯстдорон, Шуморо ёд кардам, ёд кардам!