Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак,
Рақси фари парасту дар осмон муборак.
Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем,
Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.
Дунё пур аз фасона, дилҳо пур аз тарона,
Фасли фасонаи ишқ эй модарон муборак.
Дар ҷодаи халосӣ, аз бодаи халосӣ,
Риндона нӯш кардем, ҷоно ҷаҳон муборак.
Як дастро садо нест, як тор хушнаво нест,
Пайванди худшикаста, то ҷовидон муборак.
Мо як танему ҷон, мо як танему як руҳ,
Эй ҷисми хастаармон, як рӯҳи ҷон муборак!