Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд

Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд, Ба ту аз даҳшати танҳоии ҷонона дуруд, Ба ту аз бӯйи хуши рақси гули ёс паём, Ба ту аз ҳавсалаи ишқи ғарибона дуруд, Ба ту аз марги ғурури фару фарзона дуруд: Пеш аз ту ба дилу ҷони ту ошиқ будам, Ба гулафзои гулафшони ту ошиқ будам! Гар ба худ омадаам аз ғаму дарди дигарон, Зиндадори шарари шодии дидори туам. Эй ки аз зулмати шаб мисли саҳар омадаӣ, Дар дили абри ситабр ахтари бедори туам. Шоири дарди ту, хунёгари озори туам: Ба гули ханда, ба эъҷози нигоҳи ту, дуруд, Ба вуболу ба савобу ба гуноҳи ту, дуруд! Пеш аз ту ба ҷаҳон омаданам маънӣ дошт, Ман ба сад маънии ҳиҷрони ту ошиқ будам. Гар баройи мани озода ҷаҳон зиндон буд, Ман ба озодии зиндони ту ошиқ будам, Ман ба афсонаи чашмони ту ошиқ будам: Чашм накшода ба чашмони ту ошиқ будам, Пеш аз ту ба Хуросони ту ошиқ будам!