Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад

Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад, Ту умре бехазону гулфишон бошӣ. Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ, Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ! Бимон ҳар лаҳза чанги номуродиҳо, Ба рухсорам хати ожанг бигзорад. Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил Маро ҳар лаҳзаву ҳар рӯз озорад. Тавони сад тавоноро ба ту бахшам, Биафтам ман, агар ту нотавон бошӣ, Ба поси ин ҳама умеди қурбонӣ, Мабодо душманамро ёри ҷон бошӣ, Мабодо, ки азизи дигарон бошӣ.