Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ

Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ, Худро ба дори гардани маҳтоб мекашид. Ёди висоли ботиле аз шаҳраги хаёл, Бо сӯзани фироқи ман зардоб мекашид. Озодае, ки аз азал қолаб кимоб буд, Худро зи ишқи қолабӣ бар қоб мекашид. Рустам, ки кушт хуни худ то зиндагӣ кунад, Бори нигоҳи ҳайрати Суҳроб мекашид. Ман гиря месурудаму ғам ханда медуруд, Ман оҳ мекашидаму шаб хоб мекашид..