Надорам имтиёз аз содагӣ аз дӯст душманро
Надорам имтиёз аз содагӣ аз дӯст душманро,
Чароғи корвон кардам тасаввур чашми раҳзанро.
Касе огаҳ зи рафтори сабукрӯҳон намегардад,
Садои по набошад хонаи ойина рафтанро.
Зи бори хотири худ мекашад саргаштагӣ ошиқ,
Гаронҷонӣ сабукпарвоз месозад фалоханро.
Зи тифлӣ бошад аз фикри иморат одамӣ вайрон,
Кунад кӯдак сафед аз шири модар хонаи танро.
Ба қадри зулми худ золим мукофоти амал дорад,
Намебошад ба сӯзан эҳтиёҷе хори доманро.
Чунон аз гарди кулфат гашт пурзулмат сарои ман,
Ки мили сурма шуд хатти шуое чашми равзанро.
Фузун аз суҳбати ойина гардад шӯхии чашмаш,
Намояд шишаи гавҳар паризод оби равшанро.
Далели фитна бошад иттифоқи душмани оҷиз,
Сафи мӯрон бувад дуди чароғи барқ хирманро.
Чу хоҳад кард селоби аҷал ранҷи туро зоеъ,
Макун аз неъмати алвон мунаққаш хонаи танро.
Ба дасти худ гиребони диламро золиме дорад,
Ки натвонам кашид аз дасту ӯ тасвири доманро.
Чунон лабрез гашт аз нолаи ман гулситон бе ту,
Ки шуд минқори булбул рахнаи девор гулшанро.
Куҷо фикри матинро ҳоҷати ислоҳи кас бошад,
Набошад эҳтиёҷи обу гил девори оҳанро.
Зи тори меҳнати ҷайби ҷунунам дӯхтан, Шавкат,
Ду сар омад ба ҳам чун ҳалқаи занҷир сӯзанро.