Мусаххар кардаанд аҳли чунун иқлими ҳомунро
Мусаххар кардаанд аҳли чунун иқлими ҳомунро,
Саводи чашми оҳу муҳри бодомист Маҷнунро.
Ба хоки хуни ҳасрат Кӯҳкан мастона меғалтад,
Хаёли соғари май карда нақши пойи гулгунро.
Нишоне аз ҳунармандон намонад ҷуз ҳунар боқӣ,
Бувад лавҳи мазор аз хишти хум хоки Фалотунро.
Кабоби шуълаи рухсори ӯ гардам, ки месозад
Ба шамъи анҷуман гирдоби хун фонуси гулгунро.
Аз ин ойинаҳо пайдост акси хонаи Лайлӣ,
Бувад чашми ғизолон мазҳари маъшуқ Маҷнунро.
Ба чашми ман намояд захми дил шаққи қалам, Шавкат,
Хаёли мисраи рангин кунам фаввораи хунро.