Махур баҳри Худо, ай шайх, хуни майпарастонро
Махур баҳри Худо, ай шайх, хуни майпарастонро,
Макун зинҳор чун тасбеҳи марҷон сурх дандонро.
Ба зери хок бурдан ҳасрати чашмат бувад мушкил,
Кафан аз пардаи бодом мебояд шаҳидонро.
Биёбоне, ки аз ҳуснат таҷаллизор мегардад,
Яди байзо кунад мӯраш кафи дасти Сулаймонро.
Ниҳодам ширмаст афтода аз файзи тамошояш,
Сафои мағзи бодом аст пушти чашми ҷононро.
Таманнои лаби лаъле, ки хунашро ба ҷӯш орад,
Ки оби Хизр аз ҳар чашма меҷӯшад Бадахшонро.
Ба лаб бигзор аз гуфтори муҳри хомушӣ, Шавкат,
Бувад теғи дудам ҳарфи муқаррар бедимоғонро.