Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ш
Шавкати Бухороӣ

Гарди хомӯшӣ нагардад пардапӯши рози мо

Гарди хомӯшӣ нагардад пардапӯши рози мо, Сурма бигрезад чу дуд аз шуълаи овози мо. Тӯтии мо худ ба худ чун вусма натвонад парид, Абрӯи хубон бувад болу пари парвози мо. Як нигаҳ моро зи равшангар кифоят мекунад, Гардиши чашме бувад бас сайқали пардози мо. Каҳрабо ҳам коҳи моро манзили аввал бувад, Бошад аз шавқи талаб анҷоми мо оғози мо. Мо чароғи нола аз хуршед равшан кардаем, Сояафган бигзаред аз шуълаи овози мо. Шаб, ки аз рухсори ӯ базми тамошо доштем, Буд мижгон аз нигоҳи гарми оташбози мо. Мағзи оламро зи як тасвир кардӣ ҷӯйи шир, Офарин, ай тешаи Фарҳоди ширинсози мо. Ёди айёме, ки бо соқӣ талоше доштем, Субҳа меафтод зери по зи дастандози мо. Остини даҳр тангу дасти истиғно васеъ, З-ин сабаб, Шавкат, намегунҷад ба олам нози мо.