Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ш
Шавкати Бухороӣ

Фузун гашт аз саводи хат фурӯғи ҳусн ҷононро

Фузун гашт аз саводи хат фурӯғи ҳусн ҷононро, Сафи ин мӯр мили сурма шуд чашми Сулаймонро. Тамошои куҳансол аз ҷавон санҷидатар бошад, Тарозуи нигаҳсанҷист айнак чашми пиронро. Ту чун нодон шавӣ, донӣ, ки ризқат аз куҷо ояд, Раҳи рӯзӣ сафедӣ мезанад аз шир тифлонро. Ба баҳри гиря раҳ дуру намози хомушӣ воҷиб, Ба гарди сурма мебояд таяммум кард афғонро. Либос аз Ҳақ маҷӯ дигар, ки ташрифи карам бошад, Қабои чеҳрарангие, ки аз ҳастист инсонро. На аз ҳастӣ нишон бигзору не аз нестӣ номе, Аз ин гулзор берун кун гули раънои имконро. Таҷарруд аз барои симу зар бошад гули мотам, Қабои обӣ аз дарё бувад ғаввоси урёнро. Бувад мактуби аъмоли ту, Шавкат, мазҳари раҳмат, Ба торикӣ тавон аз равшаноӣ дид боронро.