Ҳусн чун орад ба мавҷи ноз баҳри нурро
Ҳусн чун орад ба мавҷи ноз баҳри нурро,
Гавҳари ғалтон кунад бетобии дил Турро.
Турбати аҳли фано бошад ҳамон гарди фано,
Дор охир тахтаи тобут шуд Мансурро.
Муддао ҳосил ба ҳар ҷо гашт, моро манзил аст,
Тунги шаккар Миср бошад корвони мӯрро.
Нестанд аҳли тааллуқ эмин аз офат, ки ҳаст
Ҷойбанди устухон оҳанрабои Турро.
Мутриби фақрам, ба ҳар ҷо тарҳи ишрат афганад,
Мансаби чиннинавозӣ медиҳад Фағфурро.
Баҳрамандӣ нест аҳли ҳирсро омоли кас,
Устухон дандон намегардад даҳони гӯрро.