Рамиданҳои ман аз шаҳр чун берун занад худро
Рамиданҳои ман аз шаҳр чун берун занад худро,
Шавад барқу ба лайлихонаи Маҷнун занад худро.
Зи шӯхиҳо хаёлашро ба хотир нест оромӣ,
Парӣ аз шишаам чун ранги май берун занад худро.
Ба каф шамшери мавҷи бӯса меояд хумори ман,
Ки мехоҳад ба қалби он лаби майгун занад худро.
Ғуборам тӯтиёи дидаи товус мегардад,
Сабӯи ман ба санг азбаски дигаргун занад худро.
Бибин айшу ғами Шавкат, ки чун кораш ба сар афтад,
Зи дашти шуъла бигрезад, ба баҳри хун занад худро.