Шунидаанд бутони Яман каломи маро
Шунидаанд бутони Яман каломи маро,
Навиштаанд ба оби ақиқ номи маро.
Ба базм бе лабаш азбаски вожгун шудааст,
Ҳубоби бода тасаввур кунанд ҷоми маро.
Чӣ гуна боли кабӯтар насӯзад аз гармӣ,
Ки барқ ҳам набарад сӯйи ӯ паёми маро.
Хаёли маънии нозук зи бас заифам кард,
Касе чу накҳати гул нашнавад каломи маро.
Чу тавқи фохта шуд ҳалқа қоматам аз ғам,
Чӣ саркашист ба ман сарви хушхироми маро.
Ҷунунмизоҷаму набвад димоғи гулгаштам,
Хаёли бӯйи гул афзун кунад зукоми маро.
Зи бас ба тарбият омода гаштаам, Шавкат,
Нигоҳи гарм кунад пухта фикри хоми маро.