Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ш
Шавкати Бухороӣ

Девона карда баски ҳавоят баҳорро

Девона карда баски ҳавоят баҳорро, Бошад каф аз шукуфа ба лаб шохсорро. Болад зи баски ин гули раъно ба хештан, Пур мекунад миёни хазону баҳорро. Оҷиз кунад мулоиматам аҳли номро, Мум аст санги роҳи нигини саворро. Хоҳӣ, ки зуд сер шавӣ, камхурӣ гузин, Серист дайр мардуми бисёрх(в)орро. Шавкат, чӣ ҳосил аст ба душман зи душманӣ, Набвад самар шукуфаи дандон морро.