Фурӯзон кард нармӣ шуълаи афсонаи моро
Фурӯзон кард нармӣ шуълаи афсонаи моро,
Забони чарб равған шуд чароғи хонаи моро.
Раҳоӣ чун тавон аз ҳалқаи базми бутон дидан,
Бувад занҷир аз мавҷи парӣ девонаи моро.
Бувад мушти гили мо аз ғубори роҳи беҳушӣ,
Зи худ рафтан ба гардиш оварад паймонаи моро,
Бинои мо хароб аз сустии таъмир мегардад,
Кунад тардастии меъмор вайрон хонаи моро.
Ҳамон аз зулфи бахти тираи мо уқда месозад,
Ҳумо аз устухони худ кунад гар шонаи моро.
Ба занҷирем аз боли худ, ай шамъи сабукрӯҳӣ,
Бигардон гирди хеш, озод кун парвонаи моро.
Намебошад ба толеъ тухми моро сабз гардидан,
Зи зери хок орад мӯр берун донаи моро.
Илоҷи сӯзи махмурон зи лойи хум бувад, Шавкат,
Биёр аз зери дарё хоки оташхонаи моро.