Ҷамъ гардонад Худо хоби парешони маро
Ҷамъ гардонад Худо хоби парешони маро,
Кард ғафлат сабзаи хобида мижгони маро.
Домани дашти ҷунунам дилкушо афтодааст,
Бӯйи гул реги равон бошад биёбони маро.
Омадушуд баски доранд аз раҳи чашмам ба дил,
Хушнигоҳон тӯтиё карданд мижгони маро.
Аз ҳуҷуми доғи дил шуд чок охир синаам,
Мавҷи гул андохт девори гулистони маро.
Баски дилтангам, баёзи дидаи парвонае
Шамъи кофурӣ тавонад шуд шабистони маро.
Ҳарза мегардам, зи бас тарсам, ки гардад рӯзи ҳашр
Пойи ман дасте, ки гирад тарфи домони маро.