Ба ҳоли худ қаноат гиряи дигар бувад моро
Ба ҳоли худ қаноат гиряи дигар бувад моро,
Лаби хушке, ки мо дорем, чашми тар бувад моро.
Заминро осмонӣ кардаем аз рафъати пастӣ,
Ба гирди хеш гаштан гардиши ахтар бувад моро.
Вуҷуди мо камол аз беқарориҳои мо дорад,
Тапиданҳои дил болидани дигар бувад моро.
Зи кундиҳои табъи мост қатъ аз ҳалқ то гардан,
Буридан метавон аз хеш, агар ҷавҳар бувад моро.
Ба зӯри ноқабулиҳо гирифтам авҷи иқболе,
Ки дасти рад дар ин парвоз болу пар бувад моро.
Мизоҷи мо зи тифлӣ нозпарварди хатар бошад,
Канори бом тарфи домани модар бувад моро.
Биёбонмарги истиғно ҳаёти ҷовидон дорад,
Ҳавои Оби Ҳайвон Садди Искандар бувад моро.
Зи ҷо ҷунбидани мо сад қиёмат дар бағал дорад,
Ба по занҷир чини домани маҳшар бувад моро.
Ба зӯри обрӯйи хеш мегардем оламро,
Ба ҳар ҷо сайр аз ғалтонии гавҳар бувад моро.
Ҳумо дар кӯчаи мо як пари афтода мебошад,
Ба сар аз пунбаи доғи ҷунун афсар бувад моро.
Сияҳмастем аз майхонаи девони худ, Шавкат,
Варақгардонии мо гардиши соғар бувад моро.