Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Меҳри модар

Парастиш мекунам ӯро барои меҳри сӯзонаш, Вуҷудам равшаноӣ ёфт аз хуршеди чашмонаш. Дареғо, кӯдаки рафту ба сар фасли дигар омад, Насиби ман нахоҳад шуд дигар минӯи домонаш. Натонам дидан аз оинаи гетинамои вақт, Бари гаҳвораю оғӯши нӯши шири пистонаш. Дигар овози ӯ аз пуштаҳо бар гуши ман н-ояд, Зи лавҳи сангҳои деҳа ҷӯям нақши дастонаш. Ба оби рӯдҳо мегуфт байти ҳасрати худро, Бихонад ровии дарё бароям шеъри армонаш. Дилам гум мезанад аз дидани кошонаи модар, Хаёлам, бӯи ӯ дорад дару девори айвонаш. Ба чашмонаш бимолад Сармад аз хоки мазори ӯ, Кафи хоке, ки бахшояд ба меҳри хеш дармонаш.