Шароби Орзу
Аз шароби орзу лабрез ҷоми зиндагӣ,
Талху ширинро кашад бар хеш коми зиндагӣ.
Тифл дар оғӯши ин гаҳвораи хокем мо,
Модарон оварда баҳри мо паёми зиндагӣ.
Дар ҷаҳони рафту о то лаҳзае, ки зиндаам,
Ҳарфи модар баҳри ман бошад мароми зиндагӣ.
Як назар бинмо дило, андар гулистони ҳаёт,
Ҳар ки омӯзад ба тарзи худ каломи зиндагӣ.
Дар тарабгаҳ Сармади ошиқ ба гӯши ёр гуфт:
Барфи ғам ҳаргиз наборад рӯи боми зиндагӣ.