Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи ту дар ёд нест. Рафтам аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ, Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ. Гӯш кардам рафта ҳар як чунбиши шохи дарахт, Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам, рӯ ба рӯ. Рӯд мегуфт: ки ӯ оби маро нӯшида буд, Кӯҳ мегуфт: ки дар оғӯши ман кӯшида буд. Ғӯза мегуфт: ки карбоси маро пӯшида буд, Доя мегуфт: ки бо ман шири нав ҷӯшида буд. Чашма мегуфт: ки омад кӯза бар сар пеши ман, Хор мегуфт: ки пояш кард захмин неши ман. Барқ мегуфт: ки аз ман буд чашмаш дар гурез, Абр мегуфт: ки буд дар гиря кардан хеши ман. Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд, Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд. Модари бечораи ту мухтасар сар то ба по, Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд. Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз садсол дошт, -Модарат -мегуфт: ӯ дар кунҷи лаб як хол дошт. Кулчару, занчирму дар қаду қомат чун ниҳол, Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт. Модарам дар ёди ту гашту гузоре мекунам, Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам. Хизмати шоистае бар ёру диёре мекунам, Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам. Дӯст дорам модарам бо ёди ту қишлоқро, Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро. Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро, Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро. Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам, Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам. Солхӯрда, гар зане рӯзе дучор ояд ба ман, Гӯямаш, ки бош то ҳастам баҷои модарам.