Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ситораи ман

Шаб надидам туро, Ситораи ман. Шӯълавар дар ҳаво, Ситораи ман! Дар ҳисоби ситораҳои фазо Бе ту кардам хато, Ситораи ман. Саҳар омад, баро, Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман! Бо умеди саҳар нишастам ман, Дида аз роҳи ту набастам ман, Гардани хобро шикастам ман Дар вафо устувор ҳастам ман. Саҳар омад, баро, Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман! Пахта дар интизори чидани туст, Шавқманди гарав буридани туст, Ман ҳаводори эътибори туам, Дил ба уммеди сер дидани туст. Саҳар омад, баро, Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман! Гарчи дар ном худ Ситораӣ ту, Дар латофат ситорапораӣ ту, Ба ту Маскав ситораи нав дод, Ҷуфт шуд, ҷуфт шуд ситораи ту! Саҳар омад, баро, Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман!