Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Тоҷмаҳал (қисми 3)

Боз дидам манораҳои Кремл, Нурафшон ситораҳои Кремл. Ман шунидам садои соати он, Хондани Гимни пуршаҳомати он, Ман бидидам, ки гирди роҳнамо Гирд биншаста халқҳои мо. Менамоянд дар дили Маскав Маслиҳат аз вазифаҳои нав. Дар миёни бародарон хандон Як нафар аз вакили тоҷикон Мерасонад бузург хоҳиши халқ, Чун депутат ҳама супориши халқ. Аз дили халқ ҳар чӣ меояд, Давлати мо ҳамон бифармояд. * * * Лек дидам чӣ гуна дар Бамбай, Маслиҳат мекунанд пай дар пай. Байни савдогарони вискинӯш Меравад рӯзу шаб харидуфурӯш. Ҳиндуи побараҳна дар паси дар Мекунад пурғазаб ситода назар. ӯ ҷавобан ба ин харидуфурӯш Кард овози чархҳо хомӯш. Зиндагӣ бозмонд аз ҳаракат, Мухтасар гум шуд аз замин баракат.