Тоҷмаҳал (қисми 2)
Дар канори васеи баҳри кабуд,
Шаҳри Бамбай ситода нохушнуд
Меҳмонхона ё ки “Тоҷмаҳал”
“Менамояд ҳаёти ҳинду ҳал”.
Меравад рӯзу шаб бадин минвол,
Ин хариду фурӯши ҷоҳу ҷалол,
Аз канори халиҷи баҳри Араб
То ба он сӯи баҳрҳо ҳар шаб,
Киштиҳо мераванду меоянд,
Ҳеҷ аз рафтуо наёсоянд.
Баҳр мешӯраду намедонад,
Ки чӣ гуна таронае хонад.
Мевазад бод кӯр-кӯрона
Ҳам сӯи дӯст, ҳам ба бегона,
Зистан мурда-мурда дар олам
Чӣ қадар мушкил аст бар одам…
Дар ҷаҳон насли одам одамвор
Зиндагӣ мекунад фақат як бор.
Гар нахандат ба рӯи ту ватанат,
Гар напошад гул аз сарат чаманат,
Гар надонӣ фароғати меҳнат,
Лаззати обу нони беминнат,
Гар надонӣ, ки савти булбул чист,
Рангу бӯи шукуфтани гул чист,
Гар надонӣ кӣ мекашад нозат,
Ба кӣ таъсир дорад овозат,