Тоҷмаҳал (қисми 1)
Дар лаби рӯди Ҷамна дидам ман
Қасри монанди моҳ нурафкан.
Ёдгори қадим — мақбарае,
Пурҳашам, дилпазир манзарае.
Ҳар касе, ки ба ӯ назар андохт,
Соате чашми худ мунаввар сохт.
Дасти инсон ба бурҷи ин кишвар
Машъал афрӯхтаст аз мармар.
Ба гумонам, ки осмон шуда паст,
Бар замин ё маҳи фалак биншаст,
Ё самову замин тагу рӯ шуд,
Моҳ ду паллаи тарозу шуд,
Ё дар ин мулк халқи бечора
Рух кунад равшан аз ду маҳпора,
Ё магар Агра — шаҳри вайрона
Гашта бо роҳи пурра ҳамхона,
Ё дили шаҳр солҳои дароз
Сӯзад аз доғи нозанин Мумтоз
Ёки аз “ишқу меҳри” Шоҳи Ҷаҳон
Шӯълае монда то ҳанӯз нишон.
Рост гӯям, на ину на он аст,
Ҳама осори дасти инсон аст.
Халқ афрӯхт аз ҳунар машъал,
Номи онро гузошт Тоҷмаҳал.
Аз лаби Ҷамна бар ту ин матлаб
Ба канори васеи баҳри Араб