Модарнома
Парешонҳоламу беморам, модар,
Зи ҳоли бе ту ман хорам, модар.
Зи дурии ту ман бемор гаштам,
Парешонхотиру афгор гаштам.
Илоҳо, ҷовидон ёдат бимонад,
Бароят ҷони худ биспорам, модар.
Дар пеши дарат дар интизорам, модар,
Ёдат кунам бо гиря нолам, модар.
Бегона касе надонад ҳоли маро,
Дар дидани ту дар хуморам, модар.
Дар кӯрпаву кӯрпача бӯят ҷӯям, модар,
Дар хоби ширин меҷӯямат, модар.
Дар хобам даро, сила кун як бор маро,
Аз ғамҳои худ қисса кунам, модар.