Модар
Модар
Эй модар, фидои меҳру эҳсонат шавам,
Хоки қадам ба дидаи гирёнат шавам.
Аз меҳри ту шукуфт гули умри ман,
Қурбони дуои поку армонат шавам.
Шаб то саҳар ба баҳри ман бедор будӣ,
Ҷонам фидои чашми шабистонат шавам.
Гар умр бувад ҳазор, кам ояд ба вафо,
Ҳар лаҳза фидои қалби меҳронат шавам.
Эй модари азиз, агар ранҷидаӣ зи ман,
Аз сидқи дил бубахшо, пушаймонат шавам.
Дорам дуо, ки Ҳақ нигаҳбонат бувад,
То зиндаам, ғуломи дилу ҷонат шавам.
Фирдавси ҷовидон насибат бод, модар,
Қурбони хандаи лаби хандонат шавам.
Муаллиф: Абубакри Абдурасул