Фиғон то субҳ
Шаби сиёҳи торике, ки чашмони моро аз гиря нобино,
қалбҳоямонро дардноку бемор кард.
Шабе ки овора, сарсону саргардон мисли девона будем.
Субҳе ки аз дамиданаш хабар нашудем.
То субҳ гиряву нола, фиғон мезадем,
то аз хоб бедор шавад модар.
Оҳ, афсус, бедор нашуд,
бо лаби нимханда хоб буд модар.
Дуоят мекунам, модар,
Аллоҳи меҳрубон дар он дунё
дар паноҳаш нигаҳбонат бошад, модар.
Ҳол он ки модар дар канорат дорӣ, қадрашро дон, ғанимат шумораш.
Модар ганҷинаи ноёб аст.
Модар шахсест, ки дар фикру хаёлаш ҳастӣ, хавотират мешавад, пазмонат мешавад.
Ғайр аз модар каси дигар хатогиҳоятро тоқат намекунад.
Мисли модар ҳеҷ кас дӯстат намедорад.