Ҳикояти ҳуққабози моҳир ва либоси ноаёни ӯ
Ҳуққабозе чира дар сомони Шарқ
Буд дар баҳри фиреби халқ ғарқ.
Тездасту чобуку ҳушёр буд,
Хушбаёну пухта дар гуфтор буд.
Ҳилаҳо мекард бо аҳли замон,
Ки набуд иблисро ҳам дар гумон.
Турфа мекард иддаъоҳои шигарф,
Дар лаби пурсанда ях мебаст ҳарф.
Бо кулаҳбардории хосу аҷиб
Буд аз шаҳре ба як шаҳре ғариб.
Бар диёре рафт баҳри моҷаро,
Пеши мардум кард тоза иддаъо.
Гуфт: Мардум, ман яке бофандаам,
Аз ҳунарҳои шигифт окандаам.
То Худоро кардаам ман бандагӣ,
Кас надид аз кас чу ман бофандагӣ.
Аз бирешим атласу дебо кунам,
Ончунон пироҳане зебо кунам,
К-аз ҷилояш халқ дар ҳайрат шавад,
Дар талошаш мард пурғайрат шавад.
Лек дорад нуктае санҷиданӣ,
Ҳар касеро он набошад диданӣ.
Диданӣ бошад барои покзод,
Он ки пок омад зи модар дар ниҳод.
Гар касе зодаст аз тухми зино,
Пираҳан дар чашми ӯ гардад фано.
Ҳам касе, ки аблаҳу нодон бувад,
Пираҳан аз диди ӯ пинҳон бувад.
Ин хабар дар шаҳр зуд овоза шуд,
Пахш аз дарвоза то дарвоза шуд.
То ба дарбори малик ҳам ёфт роҳ
Бохабар шуд з-ин шигифтӣ подшоҳ.
Гуфт бо худ подшоҳи баҳру бар:
Боядам таҳқиқ кардан ин хабар.
Ончи мегӯянд, гар ҳаққ асту рост,
Бегумон фарҷоми он бар суди мост.
Аз ҳаромизодагони бадгуҳар
Хештанро пок созам давру бар.