Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Умари Хайём

Умари Хайём

1048 - 1131

Умари Хайёми Нишопурӣ файласуф, риёзидон ва шоири маъруф мебошад. Рубоиёти ӯ бо андешаҳои амиқи фалсафӣ, маънии зиндагӣ ва озодандешӣ шинохта мешаванд.

161Шеърҳо
8,886Боздид

Мавзӯъҳои шеърҳо

13 тег

Тавсияи мо барои шиносоӣ бо Умари Хайём

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем

👁 220

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем, В-ин якдама умрро ғанимат шумарем. Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем, Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.

Умари Хайём
Умари Хайём

Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ

👁 247

Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ, Аз рӯз макун шиква, ки шаб мемирӣ. Бо оби дари хона қаноат бинамо, Дарё маталаб, ки ташналаб мемирӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ё раб! Ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?

👁 147

Ё раб! Ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?! Пашму касабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?! Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд, Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?!

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад

👁 133

Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад, Неъмат ҳама бар душмани дин мехоҳад. Фиръавни лаъин нишаста бар тахти зарин, Мусо зи Худо нони ҷавин мехоҳад.

Умари Хайём
Умари Хайём

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре

👁 105

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре. Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре. Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре, Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон

👁 95

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён. Аз нав фалаке чунон дигар сохтаме, К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гӯянд биҳишту ҳуру ъин хоҳад буд

👁 87

Гӯянд биҳишту ҳуру ъин хоҳад буд, Он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд. Гар мо маю маъшуқпарастем, равост, Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд!

Умари Хайём
Умари Хайём

Осор

Эй, он ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ

Эй, он ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ, В-аз ҳафту чаҳор доим андар ...

👁 30

Ин ду-серӯза навбати умр гузашт

Ин ду-серӯза навбати умр гузашт, Чун об ба ҷӯйбору чун бод ...

👁 74

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дила...

👁 88

Ҳар косаи май, ки бар кафи махмурест

Ҳар косаи май, ки бар кафи махмурест, Рухсораи мастеву лаби ...

👁 43

Ин баҳри вуҷуд омаду берун зи нуҳуфт

Ин баҳри вуҷуд омаду берун зи нуҳуфт, Кас нест, ки ин гавҳар...

👁 38

Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд

Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд, Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат...

👁 112

Ин мазраи умр аз нишот омада пок

Ин мазраи умр аз нишот омада пок, Деҳқони аҷал накошта ҷуз т...

👁 49

Чандин ғами беҳуда махӯр, шод бизӣ

Чандин ғами беҳуда махӯр, шод бизӣ, В-андар раҳи бедод ту б...

👁 49

Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре

Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре, Чандин чӣ хури ба беҳуда...

👁 34

Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ

Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ, Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад н...

👁 51

З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре

З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре, Пур кун қадаҳе, бих...

👁 43

Ҳоли дили хастаи гадо медонӣ

Ҳоли дили хастаи гадо медонӣ, В-ин дарди дили маро даво мед...

👁 44

Пок аз одам омадему нопок шудем

Пок аз одам омадему нопок шудем, Шодон ба дар омадему ғамно...

👁 66

Бо нафс ҳамеша дар набардам, чӣ кунам?

Бо нафс ҳамеша дар набардам, чӣ кунам? В-аз кардаи хештан б...

👁 39

Ин чархи фалак, ки дар ӯ ҳайронем

Ин чархи фалак, ки дар ӯ ҳайронем, Фонуси хаёл аз ӯ мисоле ...

👁 49

Одамиро шод кардан он қадар душвор нест

Одамиро шод кардан он қадар душвор нест, Ғайри як ҳарфи нак...

👁 78

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям, Озодам кун, ки лоиқи б...

👁 37

Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам

Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам, В-аз бода шавад кушода...

👁 34

Хайём, агар зи бода масти, хуш бош

Хайём, агар зи бода масти, хуш бош, Гар бо санаме даме ниша...

👁 55

Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш

Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш, Худ бош ба ҳар дарди...

👁 37

Бисёр бигаштем ба гирди дару дашт

Бисёр бигаштем ба гирди дару дашт, Аз гаштани мо кори чаҳон...

👁 63

Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст

Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст Лавҳу қаламу биҳишту д...

👁 32

Ин мазрааи гул, ки куништи ману туст

Ин мазрааи гул, ки куништи ману туст, Рузе ду-се дузаху биҳ...

👁 41

Эй марди хирад, ҳадиси фардо ҳавас аст

Эй марди хирад, ҳадиси фардо ҳавас аст, Дар даҳр задан лофи...

👁 38

Эй май, лаби лаъли ёр медор ба даст

Эй май, лаби лаъли ёр медор ба даст, З-он рӯй, ки шигарф дор...

👁 36
Саҳифаи 1 аз 7

Шоирони дигар

О
Олимов Низомиддин (Назмӣ)
Собирова Дилбар
Собирова Дилбар
1989
Давлатов Соҳибҷон
Давлатов Соҳибҷон
1997
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ
1325 - 1388
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
1207 - 1273