Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Эй, он ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ

👁 2

Эй, он ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ, В-аз ҳафту чаҳор доим андар тафтӣ! Май хур, ки ҳазор бор бешат гуфтам, Боз омаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест

👁 52

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост

👁 18

Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост, Бар ҳукми худо маломати халқ чарост? В-ар неку бадӣ банда ба тақдири худост, Пас рӯзи пасин ҳисоб бар банда чарост.

Умари Хайём
Умари Хайём

Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест

👁 21

Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву ҷамест. Аҳволи чаҳону мулки гетӣ яксар, Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт

👁 20

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт, В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт. Бингар, ки чӣ мекунӣ ту бо халқи худой, Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.

Умари Хайём
Умари Хайём

Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст

👁 25

Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст, Бе замзамаи нойи ироқӣ ҳеҷ аст. Ҳарчанд дар аҳволи ҷаҳон менигарам, Ҳосил ҳама ишрат аст, боқӣ ҳеҷ аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Давре, ки дар у омадану рафтани мост

👁 40

Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост, Онро на бидоят на ниҳоят пайдост, Касс ҳеҷ нагуфта андар ин маънӣ рост, К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷо.

Умари Хайём
Умари Хайём

Дунё на мақоместу на ҷои нишаст

👁 16

Дунё на мақоместу на ҷои нишаст, Фарзона дар ӯ хароб авлотару маст, Бар оташи ғам зи бода обе мезан, З-он пеш, ки дар хок равӣ бод ба даст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Оқил ба чи умед дар ин қуҳнасаро

👁 19

Оқил ба чи умед дар ин қуҳнасаро. Бар давлати у ниҳад дил аз баҳри Худо? Ҳар гоҳ ки хоҳад, нишинанд бар ҷой, Гирад аҷалаш даст, ки бархез ба по.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ

👁 16

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ, Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ. В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун, Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд

👁 40

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз, Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд

👁 21

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд, Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд. Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун, Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Аз дафтари умр пок мебояд шуд

👁 16

Аз дафтари умр пок мебояд шуд, Дар ҷанги аҷал ҳалок мебояд шуд Эй соқии хушкилиҳо ту хушдил мебош, Обе дардеҳ, ки хок мебояд шуд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй чархи фалак харобӣ аз кинаи туст

👁 22

Эй чархи фалак харобӣ аз кинаи туст, Бедодгарӣ шеваи деринаи туст. Эй хок агар синаи тӯ бишкофанд Бас гавҳари қиммате, ки дар синаи туст.

Умари Хайём
Умари Хайём

З-ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам

👁 13

З-ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам, Олам ҳама ройгон бар он мебинам. Субҳоналлаҳ, ба ҳар чӣ дарменигарам, Нокомии хеш андар он мебинам.

Умари Хайём
Умари Хайём

Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд

👁 23

Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд, Бар авҷи фалак буроқи фикрат ронанд. Дар маърифати зоти ту монанди фалак, Саргаштаву сарнагуну саргардонанд,

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳарчанд, ки рангу рӯи зебост маро

👁 23

Ҳарчанд, ки рангу рӯи зебост маро, Чун лола руху чу сари балост маро. Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.

Умари Хайём
Умари Хайём

То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд

👁 17

То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд? Чанд аз паи ҳар зишту накӯ хоҳӣ шуд? Гар чашмаи Замзамиву гар оби ҳаёт, Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Бингap, зи caбo дoмaни гyл чoк шyдa

👁 15

Бингap, зи caбo дoмaни гyл чoк шyдa, Бyлбyл зи ҷaмoли гyл тapaбнoк шyдa. Дap coяи гyл нишин, ки биcёp ин гyл, Аз xoк бapoмaдacтy бap xoк шyдa.

Умари Хайём
Умари Хайём

З-ин дaҳp, ки бyд мyддaтe мaнзили мo

👁 13

З-ин дaҳp, ки бyд мyддaтe мaнзили мo, Н-oмaд бa ҷyз aз бaлoвy ғaм мaнзили мo. Афcӯc, ки ҳaл нaгaшт як мyшкили мo, Рaфтeмy ҳaзop ҳacpaт aндap дили мo.

Умари Хайём
Умари Хайём

Бoзe бyдaм, пapидa aз oлaми poз

👁 13

Бoзe бyдaм, пapидa aз oлaми poз, Тo бӯ, ки pacaм мaн aз нишeбe бa фapoз. Ин ҷo чy нaёфтaм кace мapҳaми poз, З-oн дap, ки дapoмaдaм, бypyн paфтaм бoз.

Умари Хайём
Умари Хайём

Тo Зӯҳpaвy Мaҳ дap ocмoн гaшт пaдид

👁 14

Тo Зӯҳpaвy Мaҳ дap ocмoн гaшт пaдид, Бeҳтap зи мaйи нoб кace ҳeҷ нaдид. Мaн дap aҷaбaм зи мaйфypӯшoн, к-эшoн, Бeҳ з-oн, ки фypӯшaнд, чӣ xoҳaнд xapид?

Умари Хайём
Умари Хайём

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ

👁 39

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ, Сад банда ба зар харида озод кунӣ. Сад сол ба рӯза бошию шаб ба намоз, Беҳ з-он набувад, ки як диле шод кунӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд

👁 57

Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,  Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд,  В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид:  Рафтанду равему боз оянду раванд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Умpaт чи дycaд бyвaд, чи cecaд, чи ҳaзop

👁 18

Умpaт чи дycaд бyвaд, чи cecaд, чи ҳaзop, З-ин кӯҳнacapo бypyн бapaндaт нoчop. Гap пoдшaҳию гap гaдoи бoзop, Ин ҳap дy бa як нapx бyвaд oxиpи кop.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 1 аз 5