Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ, Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ! Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр, Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.
Забон чӣ моя тавон доштан чунин ба ниём?
Забон чӣ моя тавон доштан чунин ба ниём? Сухан бибояд гуфтан ба ҷойгоҳ тамом. Газанди хомӯш будан ба ҷойгоҳи сухан Баробар ояд бо гуфтан ба ноаҳангом.
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд, Туруш шаванду битобанд рӯ зи аҳли суол. Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест, Маро, ки металабам, худ чӣ гуна бошад ҳ
Сангу гавҳар якест чун нахарӣ
Сангу гавҳар якест чун нахарӣ, Чӣ кунӣ хонумони худ пурсанг? Ба ду тангӣ басанда кор мабош, Тангии гӯру зиндагонии танг.
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой, Ба як даст ҷому ба як даст чанг. Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ Чу ёқут гардад ба фарсанг санг!
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил, Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг. Оҳу ба дашт агар бихӯрад қатрае аз ӯ, Ғурранда шер гардаду н-андешад аз пал
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон, Чунон-к ҷоҳи ман афзун буд аз судуру мулук. Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон, Маро нагӯйӣ, к-аз чӣ шудаст шодӣ суку
Ай лак, ар ноз хоҳию неъмат
Ай лак, ар ноз хоҳию неъмат, Гирди даргоҳи ӯ кунӣ лаку пак... Яхча бориду пойи ман бифсурд, Варқ барбанд яхчаро зи фалак.
Он чи бо ранҷ ёфтӣ-шу ба зулл
Он чи бо ранҷ ёфтӣ-шу ба зулл, Ту ба осонӣ аз гизофа мадеҳ! Хеш бегона гардад аз пайи суд, Хоҳӣ он рӯз музд камтар деҳ!
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳе дур
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳе дур, Ба хидмат омад некусиголу некандеш. Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол, Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?!
Чун ҷомаи аҳсан ба тан андар кунад касе
Чун ҷомаи аҳсан ба тан андар кунад касе, Хоҳад зи Кирдигор ба ҳоҷат муроди хеш. Гар ҳаст бошгуна маро ҷомаи бузург, Бинҳодаам дуои туро бандавор пеш.
Ҳамебароям бо он ки барнаёяд халқ
Ҳамебароям бо он ки барнаёяд халқ, Ва барнаёям бо рӯзгори хурдагурез. Чу фазли мир Абулфазл бар ҳама маликон, Чу фазли гавҳару ёқут бар набахра пашиз.
Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз
Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз, Дар моҳи баҳман битозу ҷони аду сӯз. Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам Бо найу бо рӯду бо набиди Фанорӯз!
Замона аспу ту ройиз, ба ройи хешат тоз
Замона аспу ту ройиз, ба ройи хешат тоз, Замона гӯю ту чавгон, баройи хешат боз. Агарчи чангнавозон латифдаст бувад, Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз.
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд, Дил ба Бухорову бутони Тароз?! Эзади мо васвасаи ошиқӣ Аз ту пазирад, напазирад намоз!
Чархи фалак ҳаргиз пайдо накард
Чархи фалак ҳаргиз пайдо накард, Чун ту яке сифлаи дуну жаҳур. Хоҷа Абулқосим аз нанги ту, Барнакунад сар ба қиёмат зи гӯр.
Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ
Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ Чунон гурехт зи даҳри дуранг ранги футур, Ки боз шона кунад ҳамчу бод сунбулро Ба неши чангали хунрез тораки усфур.
Гирд кун, гирд кун дирам бисёр
Гирд кун, гирд кун дирам бисёр, Кунҷи хона биёкан аз динор! Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш, В-омад аз баҳри хоста пайкор.
Дарвозу даревоз фурӯ гашту баромад
Дарвозу даревоз фурӯ гашту баромад, Бим аст, ки якбор фурӯ ояд девор. Девори кӯҳангашта набардорад пойдор, Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷиш бигзор!
Ай хоҷа, ин ҳама, ки ту бармедиҳӣ шумор
Ай хоҷа, ин ҳама, ки ту бармедиҳӣ шумор, Бодоми тарру секию баҳмону бостор. Мор аст ин ҷаҳон,у ҷаҳонҷӯй моргир, Аз моргир мор барорад ҳаме димор.
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифту
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифту, Харойина чу ҳаме май хурад, гул орад бор. Ба зулфи каҷ, валекин ба қадду қомат рост, Ба тан дуруст, валекин ба чашмак
На моҳи Сиёмӣ, на моҳи фалак
На моҳи Сиёмӣ, на моҳи фалак, Ки инат ғулом асту он пешкор. На чун пури мири Хуросон, ки ӯ, Аторо нишаста бувад кирдигор.
Дарвоза даревос фурӯ гашту баромад
Дарвоза даревос фурӯ гашту баромад, Бим аст, ки якбор фурӯд ояд девор. Девори куҳангашта набардорад пойдор, Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷиш бигзор!
Ай ошиқи дилдода бад-ин ҷои сипанҷӣ
Ай ошиқи дилдода бад-ин ҷои сипанҷӣ, Ҳамчун шаманӣ шефта бар сурати фархор. Ё ориву донӣ, ки туй зираку нодон, В-ар ёд надорӣ, ту сиголиш куну ёд ор.
Ай хоҷа, ин ҳама, ки ту бармедаҳӣ шумор
Ай хоҷа, ин ҳама, ки ту бармедаҳӣ шумор, Бодоми тарру секӣю баҳману бостор. Мор аст ин ҷаҳон, ҷаҳонҷӯй моргир, Аз моргир мор барорад ҳаме димор.