Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

То кай дилат аз чархи ҳазин хоҳад буд?

👁 15

То кай дилат аз чархи ҳазин хоҳад буд? Бо меҳнату дард ҳамнишин хоҳад буд? Хуш бош, ки рӯзгор пеш аз ману ту То буд, чунон буду чунин хоҳад буд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд

👁 21

Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд, Аз дурдии дард талхкомаш карданд. Гӯё ҳама ғамҳои ҷаҳон дар як ҷо Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Чун сурати зебои ту андохтаанд

👁 24

Чун сурати зебои ту андохтаанд, Сад ҳусну малоҳат ба ҳам омехтаанд. Алқисса, ки шакли оламорои туро Дар қолаби орзуи мо рехтаанд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Оне ки тамом аз намакат рехтаанд

👁 14

Оне ки тамом аз намакат рехтаанд, Зарроти вуҷудат зи намак бехтаанд. Бо шираи ҷонҳо намак омехтаанд, То ҳамчу ту сурати барангехтаанд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Рӯзу шаби ман ба гуфтугӯи ту гузашт

👁 36

Рӯзу шаби ман ба гуфтугӯи ту гузашт, Солу моҳи ман ба ҷустуҷӯи ту гузашт. Умрам ба тавофи гирди кӯйи ту гузашт, Алқисса, дар орзуи рӯйи ту гузашт.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест

👁 30

Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест, Дар мушкили ман умеди осонӣ нест. Ғам кушт марову кас ба додам нарасид, Пиндоштам, ки дар ин шаҳр мусулмонӣ нест.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ғам дораму ғамгусор мебояду нест

👁 21

Ғам дораму ғамгусор мебояду нест, Дар дасти ман он нигор мебояду нест. Дарди сара агар намебояду ҳаст, Ташрифи ҳузури ёр мебояду нест.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Азбаски маро давлати бедор кам аст

👁 24

Азбаски маро давлати бедор кам аст, Гуфтан натавон, ки то чӣ миқдор кам аст. Ранҷест фироқат, ки камаш бисёр аст, Айшеcт висоли ту, ки бисёр кам аст.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст?

👁 19

Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст? Ин хол чӣ холу ин чӣ зулфи аҷаб аст? Рӯи ту дар он ду зулфи мушкин чӣ аҷаб? Ҳар рӯз, ки ҳаст, дар миёни ду шаб аст.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Гар дил биравад, ман наравам аз назарат

👁 32

Гар дил биравад, ман наравам аз назарат, В-ар ҷон бидиҳам, хок шавам дар гузарат. Чун гард шавам, бар остонат оям, Бинишинаму барнахезам аз хоки дарат.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Шуд моҳи ман он шамъи шабафрӯз имшаб

👁 29

Шуд моҳи ман он шамъи шабафрӯз имшаб, Гӯ, чархи фалак, зи рашк месӯз имшаб! Имшаб на шаби васл, шаби қадри ман аст, Беҳтар зи ҳазор рӯзи Наврӯз имшаб.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб

👁 18

Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб, Эй маҳ, бинишин дар паси девор имшаб. Эй меҳр, бипӯш рӯи худро дар абр, Эй субҳ, дами хеш нигаҳ дор имшаб.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро

👁 28

Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро, Дар банди ҷафои худ шунудам ҳамаро. Зинҳор, зи кас вафо маҷӯед, ки ман Дидам ҳамаро в-озмудам ҳамаро.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Боз ой, ки аз ҷон асаре нест маро

👁 52

Боз ой, ки аз ҷон асаре нест маро, Мадҳушаму аз худ хабаре нест маро. Хоҳам, ки ба ҷониби ту парвоз кунам, Аммо чӣ кунам? Болу паре нест маро.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз

👁 34

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз, Баҳри дили хаста чорасоз омад боз. Умрам ҳама рафта буд аз рафтани ӯ, Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дар олами бевафо касе хуррам нест

👁 56

Дар олами бевафо касе хуррам нест, Шодию нишот дар банӣ Одам нест! Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест, Ё одам нест ё аз ин олам нест!

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Панди муҳаббат

👁 24

Аз меҳр бувад равшании рӯзу шабат, Аз сидқ бувад қимати ҷону лабат. Бо мардумӣ ойину вафо пеша кунӣ, То зинда бимонад ба накӯӣ насабат.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Сӯзи ишқ

👁 25

Сӯзи ишқ агар дар дили инсон афтад, Ҳар лаҳза зи ҷон наъраи имон хезад. Дар кӯйи вафо ҳар кӣ гузашт аз худӣ, Аз нури ҳақиқат ба дилаш ҷон резад.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ғазали дилбарӣ

👁 20

Эй дил, зи висоли ёр уммед мадор, Бе сӯзи муҳаббат ба мақсад нарасӣ бор. Дар роҳи вафо ҷон бидеҳ беғаразона, К-он ҷо нарасад кас ба ҷуз ошиқи ҳушёр.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ