Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Мондам қадами хеш чу дар сайр ба олам

👁 27

Мондам қадами хеш чу дар сайр ба олам, Вақфи нигаҳам гашт ҳама ҳастии дунё. Ҷуз риш зи ҳайрат ба кафу судани дандон, Андар назарам чизи дигар нест ҳувайдо.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Зи тақдиру аз гардиши сарнавишт

👁 23

Зи тақдиру аз гардиши сарнавишт, Шикоят кунам бар Худованд ман. Ҷавонӣ гирифт ӯ, ҷавон аст худ, Ман оҳанрабо гаштам, оҳан миҳан.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Аё мижгонсиёҳ, оё на ҳар як духтару занро

👁 29

Аё мижгонсиёҳ, оё на ҳар як духтару занро, Зи рӯйи хислати хубе ба май ташбеҳ месозанд? Чу май ҳастанд тиллоӣ, ки душман бохабар з-онҳо, Ба дасти содиқон афтанд

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад

👁 19

Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад, Пояи поён нахоҳад ҳеҷ гаҳ хотир маро. Хоҳам ин, ки ворасам то қуллаи мақсуди худ, Ё ки дар ин роҳ хобонад аҷал охир ма

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун

👁 19

Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун, Касе, ки боҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор. Асири туст ҳама сиррат, ар ниҳон дорӣ, Асири сир бишавӣ, гар ҳамекунӣ изҳор

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Хаста гардидам зи мижгоне, ки мебошад сиҳат

👁 14

Хаста гардидам зи мижгоне, ки мебошад сиҳат, Ҳам касал созанд онҳо, ҳам парасторӣ, яқин. Лутф бар ман кун висолатрову хушбахтам намо, Медиҳад табдил ҷавҳарро ар

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ

👁 27

Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ, Моро ба уқубат ба чӣ метарсонӣ? Чун нест ба дасти ҳеҷ кас, медонӣ, Дар кор ту оҷизию саргардонӣ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме

👁 31

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз паи чистаме. Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме, В-арна ба ҳазор дида бигристаме.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ

👁 22

Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ, Маъкус навиштааст номи ду Алӣ. Як лому ду айн бо ду ёи маъкус Аз ҳоҷибу анфу айн бо хатти ҷалӣ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ

👁 43

Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ, Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ. Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар, К-аз дӯст бароию ба душман бирасӣ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй меҳр, ки нест чун ту оламгарде

👁 21

Эй меҳр, ки нест чун ту оламгарде, З-ин раҳравиям бибахш роҳоварде. Имрӯз киро дидӣ, к-андар роҳи ишқ, Бар рух бувадаш гардею бар дил дарде.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй дар ду нафас умри ту афзоянда

👁 21

Эй дар ду нафас умри ту афзоянда, Бодест нафас, шавандаву оянда. Бар бод ниҳодаӣ бинои ҳама умр, Бар бод куҷо бувад бино поянда?

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Моем ба афви ту тавалло карда

👁 33

Моем ба афви ту тавалло карда, Дар тоату маъсият табарро карда. Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ

👁 15

Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ, Сармояи лаззати ҷавонист, бидеҳ. Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро Созанда чу оби зиндагонист, бидеҳ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Дар субҳдаме азми сафар созаму рав

👁 21

Дар субҳдаме азми сафар созаму рав, З-ин воқеа худро бадар андозаму рав. Дар домани абр чанг занам исовор, Ҷома ба канори модар андозаму рав.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун

👁 15

Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун, Дар махзани рӯзгор гардад махзун. Чун боз ҳамин вазъ шавад вазъи фалак, Аз пардаи ғайбаш оварад ҳақ берун.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан

👁 39

Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан, Аҷносу малоӣка ҳавоси ин тан. Аҷром аносиру маволид аъзо, Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама фан.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул

👁 18

Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул, Мурда ба дамею аз даме зинда чу гул. Худро ба ҳама миён дарафканда чу гул, В-андар ҳама маҷмаъе пароканда чу гул.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Оташ чу фиканд бод дар хирмани гул

👁 13

Оташ чу фиканд бод дар хирмани гул, Бар хок чакид оби пироҳани гул. Эй соқии май, дасти туву домани май, В-эй духтари раз, хуни ту дар гардани гул.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ушшоқ баромаданд перомани гул

👁 12

Ушшоқ баромаданд перомани гул, Якбора заданд даст дар домани гул. В-азбаски ҳамекашанд пиромани гул, Он гаҳ ба ҳазор шох шуд бар тани гул.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нӯш чу гул

👁 18

Эй дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нӯш чу гул, Пайваста либоси ошиқӣ пӯш чу гул. Чун шамъ забони оташин дорад ишқ, Зинҳор, мабош пунбадаргӯш чу гул.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ку дил, ки бидонад нафасе асрораш?

👁 21

Ку дил, ки бидонад нафасе асрораш? Ку гӯш, ки бишнавад даме гуфтораш? Маъшуқ ҷамол менамояд шабу рӯз, Ку дида, ки то бархурад аз дидораш?

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Як-як ҳунарам бину гуноҳ даҳ-даҳ бахш

👁 18

Як-як ҳунарам бину гуноҳ даҳ-даҳ бахш, Ҷурми мани хаста ҳасбатуллоҳ бахш. Аз боди фано оташи кин бармафрӯз, Манро ба сари хоки расулуллоҳ бахш.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Самъу басар асту шамму завқ асту масос

👁 22

Самъу басар асту шамму завқ асту масос, Маҷмӯи ҳавоси зоҳир, эй мӯъҷизи нос. Пас муштарака, мухайяла, фикрату ваҳм, Бо ҳофиза дон ту панҷ ботин зи ҳавос.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос

👁 20

Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос, Ҷуз зоти ту нест ҳеҷ кас зотшинос. Касро ба камолу кунҳи зотат раҳ нест, Бар феъли ту мекунанд зоти ту қиёс.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино
Саҳифаи 1 аз 2