Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Шабу рӯз
Эй ганҷи зи каф рафтаи инсон шабу рӯз. Чун номаи гумгаштаи ёрон шабу руз. Ду мисраи тазоди китоби умранд, Чун хотирн н-осуда парешон шабу рӯз.
Ҳар гӯр хамӯш аммо сухан мегуяд
Ҳар гӯр хамӯш аммо сухан мегуяд, Ҳар зарраи у атри кафан мебуяд. Айеми гулу сабза расад хар соле. Борони баҳорӣ хасраташро шуяд.
Аз батни вуҷуд омадаем оҳ ба лаб
Аз батни вучуд омадаем оҳ ба лаб, Гаҳ чеҳри сахар дидам гаҳ гунаи шаб. Гаҳвори замин хамеша дар ҷунбиш буд, Ё дасти ғаме ҷунбонд ё дасти тараб.
Чист?
Хастию набуди хазрати Одам чист? Темору нишоти хонаи олам чист? Як лаҳза падид омадани мо роз аст. Асрори падид омадани ин дам чист?