Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дӯст агар ғамхор бошад

👁 48

Дӯст агар ғамхор бошад, мисли у ғамхор бош. Дӯст агар бемор бошад, дӯсти дилбардор бош. Дӯст агар ғамгин бигардад аз талоши зиндагӣ То тавони дасти ӯро гир, бар

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То мард сухан нагуфта бошад

👁 180

То мард сухан нагуфта бошад, Айбу ҳунараш нухуфта бошад. Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ

👁 140

Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ, Бар тахт рави вале Сулаймон нашавӣ. Дар асл агар нест Худо дар дили ту, Сад бор ба хаҷ рави мусалмон нашавӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ

👁 193

Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ, Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ. Сармояи ту дар ин ҷаҳон як кафан аст, Он ҳам ба гумон, ки барӣ ё набарӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст

👁 76

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас куҷо пардози охир.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Подшоҳе писар ба мактаб дод

👁 128

Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод. Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ