Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Дар сурати обу гил аён ғайри ту кист
Дар сурати обу гил аён ғайри ту кист? Дар хилвату ҷону дил ниҳон ғайри ту кист? Гуфтӣ, ки зи ғайри ман бипардоз дилат, Эй ҷони ҷаҳон, дар ду ҷаҳон ғайри ту кист
Ҳамсояву ҳамнишину ҳамраҳ ҳама Ӯст
Ҳамсояву ҳамнишину ҳамраҳ ҳама Ӯст, Дар далқи гадову атласи шаҳ ҳама Ӯст. Дар аҷумани фарқу ниҳонхонаи ҷамъ Биллаҳ ҳама Ӯсту сумма биллаҳ ҳама Ӯст
Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт
Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт. Шаб дар ҳаваси будаву ,нобуда гузашт. Умре, ки аз ӯ даме ҷаҳоне арзад. Алқисса ба фикрҳои беҳуда гузашт.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳарҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омуз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад
Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад, Зияд эмин аз захми чанголи гургон. Зи бедоди хурдон амон ёбад он кас, Ки гирад ватан дар ҷавори бузургон.
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест, Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест. Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард, Зинда бо фарзанд монад номи мард.
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст, Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст. Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид, Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасид
Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасид, Дурест адаб, ба ҳар гадое нарасид. Сарриштаи умри подшоҳӣ адаб аст, Тоҷест, ки ҷуз подшоҳе нарасид.
