Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест, Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест. Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ, Пас аз шоҳӣ, гадоӣ маслиҳат нест.
Зоҳиди кишваре будам, воизи минбаре будам
Зоҳиди кишваре будам, воизи минбаре будам, Кард қазои дил маро ошиқи кафзанони ту.
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст, Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст. Дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст, Каъба бунёди Халили Озар аст.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон
Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон В-эй басо ду турк чун бегонагон. Пас забони ҳамдилӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Рақси дарун
Дар ҳалқаи зикр, ҷон ба парвоз омад, Аз лутфи Худо дил ба сарафроз омад. Ҳар зарра ба овози муҳаббат бигуфт, К-ин роҳ ба озодии дил боз омад.
Ишқ омад
Ишқ омад, ишқ омад, дилу ҷонро барафтод, Аз ҳастии мо нақши ду олам барафтод. Ҳар ҷо ки муҳаббат ба дили инсон расид, Аз торикии ғам нури имон барафтод.
Бишнав аз най
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад. К-аз найистон то маро бибридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.