Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Фалаки филзӯри фарзингард
Фалаки филзӯри фарзингард Оқибат қасди асби Носир кард. Шоҳ агар дафъи зулми ӯ накунад, Банда монад пиёда бо рухи зард.
Ҳарфи ишқ аз сари забон дур аст,
Ҳарфи ишқ аз сари забон дур аст, Шарҳи ин оят аз баён дур аст. Эй ба ҳирсу ҳаво камарбаста, Ин ҳикоят аз он миён дур аст.
То Ҳақ зи ҷаҳониён малулам накунад,
То Ҳақ зи ҷаҳониён малулам накунад, Шоистаи даргоҳи қабулам накунад. Тарси ту аз он аст, ки хокат бихӯрад, Бими ман аз он, ки худ қабулам накунад.
Ҷуз ман ба дами саҳаргаҳӣ маст кӣ шуд,
Ҷуз ман ба дами саҳаргаҳӣ маст кӣ шуд, Бе май ба самоъи хиргаҳӣ маст кӣ шуд? Аз ҳуш биравам, чу бӯйи наргис шунавам, Бар бӯйи пиёлаи тиҳӣ маст кӣ шуд?
То ҷилди ҷарида дар ҷаҳон хоҳад буд,
То ҷилди ҷарида дар ҷаҳон хоҳад буд, Пайваста ба дасти дигарон хоҳад буд. Май нӯшу аз ин ҷарида бархон ғазале, К-ин олами фонӣ гузарон хоҳад буд.
Ҳоли мани хоксор мебину мапурс,
Ҳоли мани хоксор мебину мапурс, Месӯз аз интизор, мебину мапурс, Савдозадае чу ман наёмад ба ҷаҳон, Инак ману рӯзгор, мебину мапурс.
Ашкам чу ақиқ аст зи дурҷи гуҳарат,
Ашкам чу ақиқ аст зи дурҷи гуҳарат, Пуштам чу камон гашт зи тири назарат, Эй аҳди ту ҳамчу зулфи ту ҷумла шикан В-эй ваъдаи ту тиҳимиён чун камарат.
Дӣ ғарқи арақ дар офтобаш дидам,
Дӣ ғарқи арақ дар офтобаш дидам, Ҳамчун гули тоза беҳиҷобаш дидам. Дидам ба ҷамоли ӯ ҷаҳонро, з-он рӯ Чун мардумаки дида дар обаш дидам.
Дарди дилам аз шумори дафтар бигузашт,
Дарди дилам аз шумори дафтар бигузашт, Ин қисса ба ҳар маҳфилу маҳзар бигузашт. Ин воқеа дар ҷаҳон шунидаст кассе? Ман ташнаи обу обам аз сар бигузашт.
Ҳарчанд ба чолокии он дилбар нест,
Ҳарчанд ба чолокии он дилбар нест, Моро тамаъи висоли ӯ дарх(в)ар нест. Зӯру зару зорияст сармояи ишқ, Зорӣ нахарад, зӯр надорам, зар нест.
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ,
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ, Эй бас ки хароби бодаю ҷом шавӣ. Мо ошиқу ринду масту оламсӯзем, Бо мо манишин, в-агарна бадном шавӣ.
Бо сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз,
Бо сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз, Гуфтам: Мани савдозадаро чора бисоз. Гуфто, ки лабам бигиру зулфам бигузор, Дар айши хуш овез, на дар умри дароз.
Айёми шабоб асту шароб авлотар,
Айёми шабоб асту шароб авлотар, Ҳар ғамзадае масту хароб авлотар. Олам ҳама сар ба сар хароб асту ябоб, Дар ҷойи хароб ҳам хароб авлотар.
Эй рӯйи ту аз латофат ойинаи рӯҳ,
Эй рӯйи ту аз латофат ойинаи рӯҳ, Хоҳам, ки қадамҳои хаёлат ба сабӯҳ Дар дида кашам, вале зи хори мижаам Тарсам, ки шавад пойи хаёлат маҷрӯҳ.