Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ

👁 74

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ, Ҳам қимати қомати расоям будӣ. З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман, Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ

👁 108

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ, Дунё баумед асту умедам додӣ. То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ, Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро

👁 51

Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро? Дар чорсуи азоб раҳ додӣ маро? Аз синаи гарми хеш берун кардӣ, Дар синаи сарди хок бинҳодӣ маро.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд

👁 46

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд, Фазоеро паи парвоз доданд, Чу моро модарон зоданд рӯзе, Заминро ҳамчу пойандоз доданд

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аё модар, мадори ман ту будӣ

👁 111

Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аё модар, ба қурбони ту мирам

👁 68

Аё модар, ба қурбони ту мирам, Чу муҳри меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор, Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ

👁 57

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман

👁 42

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман? Сарафрозӣ ба олам, додари ман? Замин то осмон розиям аз ту, Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

👁 54

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, Сутуни гунбади миноӣ, эй зан. На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан, Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар

👁 93

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сари гӯри ту биншастам даме чанд

👁 39

Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дареғо, модари пирам, дареғо

👁 46

Дареғо, модари пирам, дареғо, Чароғи бахту тақдирам, дареғо. Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир, Кунун бе ту замингирам, дареғо.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам

👁 47

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, Дуоям кун, дуоятро бигирам. Намемирӣ ту, эй модар, агар ман Барои модари миллат бимирам!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман

👁 33

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман, Худои умри ман, пайғамбари ман. Сарам дар бистари марг аст имрӯз Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Диламро дар кафат додам, надидӣ

👁 43

Диламро дар кафат додам, надидӣ, Гулистон ҳадяат кардам, начидӣ. Пас аз он, ки баҳори ман хазон шуд, Чу бод андар хазони ман вазидӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Паси дунё давидему давидем

👁 43

Паси дунё давидему давидем, Ғами дунё кашидему кашидем. Ба поёни раҳи сарманзили умр Ба гӯристон расидему расидем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!

👁 34

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик! Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик! Туро дунё чунин озурда кардаст, Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ

👁 35

Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ? Куҷоӣ, Моҳу Парвинам, куҷоӣ? Туро гум карда будам рӯзи равшан, Кунун дар хоб мебинам, куҷоӣ?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Худоё, эй худоё, эй худоё

👁 42

Худоё, эй худоё, эй худоё, Макун ёри маро аз ман ҷудоё. Сурудам дар гулӯ чун мор печад, Агар ёре набошад ҳамсадоё.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод

👁 33

Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод, Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод! Валекин аз хиёнатҳои ёрон Диле чун бишканад, фарёду фарёд!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Рӯзе, ки аҷал барад маро аз дунё

👁 37

Рӯзе, ки аҷал барад маро аз дунё, Аз дидаи хуршед шавам нопайдо. Бо пирии худ ҷаҳон ҷавон хоҳад монд, Бе будани ман хушк нагардад дарё.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт

👁 24

Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт, Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт. Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон, Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биё, то ҷон ба ҷон бошему бошем

👁 25

Биё, то ҷон ба ҷон бошему бошем, Нишони бенишон бошему бошем. Ҷаҳон бо мо сару коре надорад, Барои ҳам ҷаҳон бошему бошем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман он риндам, ки исён пеша дорам

👁 63

Ман он риндам, ки исён пеша дорам, Ба дасте ҷому дасте шиша дорам. Агар ту бегуноҳи рав малак шав, Ман аз Ҳаввову Одам реша дорам!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар

👁 31

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар, Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар. Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ, Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 1 аз 3