Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Бар кори сухан он ки гирифтор шавад
Бар кори сухан он ки гирифтор шавад, Як лаҳза на дар пайи дигар кор шавад. Шоир ҳама шаб хун хураду гӯяд шеър, То насли башар ба ҳамдигар ёр шавад.
Фарқ аст миёни башару ҳайвоне
Фарқ аст миёни башару ҳайвоне, Гарчи набувад ҳар башаре инсоне. Шоистагиат дор нигаҳ, чун ту фақат Дар даҳр ба шоистагиат инсонӣ.
Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан
Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан, Ларзад, ки расид аҷал барои бурдан. Оне, ки ҳаёташ ба ҷаҳон меарзад, Як зарра ҳаросаш набувад аз мурдан.
Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд
Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд, Номарду лаин вале ҷаҳон пур карданд. Гар халқ даруни ҳамдигарро бинанд, Аз бим чу аз гург гурезон гарданд.
Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем
Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем, Додем зи каф яку куҷо сад бошем. Мо нақд нахоҳем шунидан ҳаргиз, Аммо ҳама хоҳони хушомад бошем.
Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ
Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ, Доро нашавӣ, гар ба гадое нарасӣ. Ҷуз бихрадиат ба ҳар амал боз каме Девона набошӣ, ту ба ҷое нарасӣ.
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд, Аммо шабу рӯз дилбарон месӯзанд. Дар арсаи ишқ ҳеҷ мағлубе нест, Ошиқ агаранд, ҳар ду ҳам пирӯзанд.
Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош
Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош, Якранг ту чандӣ, ки дигаргун ҳам бош! Хоҳӣ, ки хирад бувад мададгор туро, Суқротӣ агар, як зар(р)а Маҷнун ҳам бош!
Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум
Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум, В-асло нарасад мардумӣ аз номардум. Пеши паси зиштон накунад фарқ, ки мор Заҳраш ба даҳон дораду каждум дар дум.
Сад гуна кунад умр ба ту амру хитоб
Сад гуна кунад умр ба ту амру хитоб, Гар тоби итобат набувад, созад итоб. Дарё зи сари мо бигузашту хамушем, Фарёди шумост маҳзи як қатраи об?!
Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам
Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам, Ором раҳо мешавад аз ғуссаву ғам. Он гаҳ, ки шавад ба бомдодон бедор, Эй кош, ки бедор шавад бахташ ҳам.
Ман аз азал омада, абад мехоҳам
Ман аз азал омада, абад мехоҳам, Некӣ ба авом беадад мехоҳам. Ҳоҷат набарам ба Қайсару бар Доро, Аз ҳикмати Суқрот мадад мехоҳам.
Ин чашм хумор омада, к-аз аҳди аласт
Ин чашм хумор омада, к-аз аҳди аласт, В-ин лаб, ки кунад ба бӯсае олам маст, В-ин зулфи парешон, ки диҳад даҳр ба бод, Гар бар қалам орӣ, мутаолӣ шеър аст.
Дар кӯйи ту дил дар ба дарам мебинад
Дар кӯйи ту дил дар ба дарам мебинад, Ҳар лаҳза ба ишқи дигарам мебинад. Оё ба қалам ҳусни ту тасвир шавад, Он сон, ки варо чашми сарам мебинад?!
Ин шохаи гул, ки зебиши ҳар чаман аст
Ин шохаи гул, ки зебиши ҳар чаман аст, Гарчист гулафшон, на чу ту гулбадан аст. Чашмак задамат, ки, ёр, аз туст ҷавоб, Чун посухи ҳар ситора чашмак задан аст.
Эй духтари ширин, ки гирифтӣ ту ҳиҷоб
Эй духтари ширин, ки гирифтӣ ту ҳиҷоб, То пӯшӣ анори лабу рӯйи чу гулоб. Донӣ, ки ҳазору анд соле з-ин пеш, Момои ту зист бо рухи бозу савоб?!
Ҳар домани тар хушк барояд аз об
Ҳар домани тар хушк барояд аз об, Ку фарқи савобу гунаҳ акнун, дарёб! Аз гардиши дунё-т бигардам, ки Худо, Он ҳар чи гунаҳ буд, шуд имрӯз савоб.
Аз нӯши лабат чӣ гӯяму чашми ба хоб
Аз нӯши лабат чӣ гӯяму чашми ба хоб, Аз чеҳра, ки шаб ханда занад бар маҳтоб. Он гаҳ ки дар ойина ту рух мебинӣ, Дил бошад агар ойинаро, мешавад об.
Рӯзӣ зи заифон набарад ҳеҷ инсон
Рӯзӣ зи заифон набарад ҳеҷ инсон, То ҳаст зи одамӣ варо ному нишон. Мардӣ набувад дона зи мӯре бурдан, Мардӣ ту агар, луқма зи шере биситон.
Имрӯз, ки бо фалак бувад овезам
Имрӯз, ки бо фалак бувад овезам, Шояд ки пагаҳ ба хоки тар омезам. Ҳоло ки маро мағз бувад дар дилу ҷон, Як дона ба хок афтаму сад сар хезам.
Арбоби замонро дилу ҷон меошуфт
Арбоби замонро дилу ҷон меошуфт, Он гаҳ ки маро сухан ба ҳақ мешуд ҷуфт. Ман сидқи ният аз қалам омӯхтаам, К-он сар ба буриш доду вале ҳарфаш гуфт.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед
Аз миллату аз забони худ ёд кунед, Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед. То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо, Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.