Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Нури хуршед
Гум гаштаам ман охир дар моҳу нури хуршед, Валлаҳ, ки Ҳақ донад ин нуру зоти хуршед Тавофу чархи ботин нур аст зи нури Яздон Пас ту биёву роҳ гир ин нури нури х
Дӯст агар ғамхор бошад
Дӯст агар ғамхор бошад, мисли у ғамхор бош. Дӯст агар бемор бошад, дӯсти дилбардор бош. Дӯст агар ғамгин бигардад аз талоши зиндагӣ То тавони дасти ӯро гир, бар
фазои ирфон
Бигурез з-ин харобод, ки ба худ расида бошӣ Ба кафе чу сояи арш ба даре расиди бошӣ Ба мақоми Зулҷалоле ҳама як бол доранд Бикушо ту ин қиёмат, ки ба мақом рас
Фалаки филзӯри фарзингард
Фалаки филзӯри фарзингард Оқибат қасди асби Носир кард. Шоҳ агар дафъи зулми ӯ накунад, Банда монад пиёда бо рухи зард.
Ҳарфи ишқ аз сари забон дур аст,
Ҳарфи ишқ аз сари забон дур аст, Шарҳи ин оят аз баён дур аст. Эй ба ҳирсу ҳаво камарбаста, Ин ҳикоят аз он миён дур аст.
То Ҳақ зи ҷаҳониён малулам накунад,
То Ҳақ зи ҷаҳониён малулам накунад, Шоистаи даргоҳи қабулам накунад. Тарси ту аз он аст, ки хокат бихӯрад, Бими ман аз он, ки худ қабулам накунад.
Ҷуз ман ба дами саҳаргаҳӣ маст кӣ шуд,
Ҷуз ман ба дами саҳаргаҳӣ маст кӣ шуд, Бе май ба самоъи хиргаҳӣ маст кӣ шуд? Аз ҳуш биравам, чу бӯйи наргис шунавам, Бар бӯйи пиёлаи тиҳӣ маст кӣ шуд?
То ҷилди ҷарида дар ҷаҳон хоҳад буд,
То ҷилди ҷарида дар ҷаҳон хоҳад буд, Пайваста ба дасти дигарон хоҳад буд. Май нӯшу аз ин ҷарида бархон ғазале, К-ин олами фонӣ гузарон хоҳад буд.
Ҳоли мани хоксор мебину мапурс,
Ҳоли мани хоксор мебину мапурс, Месӯз аз интизор, мебину мапурс, Савдозадае чу ман наёмад ба ҷаҳон, Инак ману рӯзгор, мебину мапурс.
Ашкам чу ақиқ аст зи дурҷи гуҳарат,
Ашкам чу ақиқ аст зи дурҷи гуҳарат, Пуштам чу камон гашт зи тири назарат, Эй аҳди ту ҳамчу зулфи ту ҷумла шикан В-эй ваъдаи ту тиҳимиён чун камарат.
Дӣ ғарқи арақ дар офтобаш дидам,
Дӣ ғарқи арақ дар офтобаш дидам, Ҳамчун гули тоза беҳиҷобаш дидам. Дидам ба ҷамоли ӯ ҷаҳонро, з-он рӯ Чун мардумаки дида дар обаш дидам.
Дарди дилам аз шумори дафтар бигузашт,
Дарди дилам аз шумори дафтар бигузашт, Ин қисса ба ҳар маҳфилу маҳзар бигузашт. Ин воқеа дар ҷаҳон шунидаст кассе? Ман ташнаи обу обам аз сар бигузашт.
Ҳарчанд ба чолокии он дилбар нест,
Ҳарчанд ба чолокии он дилбар нест, Моро тамаъи висоли ӯ дарх(в)ар нест. Зӯру зару зорияст сармояи ишқ, Зорӣ нахарад, зӯр надорам, зар нест.
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ,
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ, Эй бас ки хароби бодаю ҷом шавӣ. Мо ошиқу ринду масту оламсӯзем, Бо мо манишин, в-агарна бадном шавӣ.
Бо сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз,
Бо сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз, Гуфтам: Мани савдозадаро чора бисоз. Гуфто, ки лабам бигиру зулфам бигузор, Дар айши хуш овез, на дар умри дароз.
Айёми шабоб асту шароб авлотар,
Айёми шабоб асту шароб авлотар, Ҳар ғамзадае масту хароб авлотар. Олам ҳама сар ба сар хароб асту ябоб, Дар ҷойи хароб ҳам хароб авлотар.
Эй рӯйи ту аз латофат ойинаи рӯҳ,
Эй рӯйи ту аз латофат ойинаи рӯҳ, Хоҳам, ки қадамҳои хаёлат ба сабӯҳ Дар дида кашам, вале зи хори мижаам Тарсам, ки шавад пойи хаёлат маҷрӯҳ.
Эй ёр, нагуфтамат, ки саҳбо мехӯр!
Эй ёр, нагуфтамат, ки саҳбо мехӯр! Бо дилбари гулчеҳраи раъно мехӯр?! Пандам нашунидӣ, инак, омад рамазон, Ҷон медеҳу тар мекуну ҳалво мехӯр!
З-ин савмаае, ки ҷойи тазвиру риёст,
З-ин савмаае, ки ҷойи тазвиру риёст, Безор шудам, роҳи харобот куҷост? Аз суҳбати бангу бангиям дил бигирифт, Ҳам май, ки ҳарифу ҳамдами куҳнаи мост.
Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест,
Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест, Ҷуз бангею пораи намад чизе нест. Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо В-аз ҳар чӣ хӯранд, ҷуз лагад чизе нест.
Аз чашмаи Хизр ҷоми сангӣ хуштар
Аз чашмаи Хизр ҷоми сангӣ хуштар В-аз вазъи хатиб қавли чангӣ хуштар. Тезе, ки зи риндакон ба мастӣ биҷаҳад, Аз сиблати шайхакони бангӣ хуштар.
Гуфтам: Санамо, шудам ба коми душман
Гуфтам: Санамо, шудам ба коми душман З-он ғамзаи шӯху турраи мардафкан. Гуфт: Он чи зи чашму зулфи ман бар ту гузашт, Эй хонасияҳ, чаро нагуфтӣ бар ман?!
Аз кори ҷаҳон карона хоҳам кардан,
Аз кори ҷаҳон карона хоҳам кардан, Рӯ дар маю дар муғона хоҳам кардан. То халқи ҷаҳон даст бидоранд зи ман, Девонагие баҳона хоҳам кардан.
Дар кӯчаи фақр гӯшае ҳосил кун!
Дар кӯчаи фақр гӯшае ҳосил кун! В-аз кишти ҳаёт хӯшае ҳосил кун! Дар куҳнаработи даҳр ғофил манишин, Роҳе пеш аст, тӯшае ҳосил кун!
Дил сер шуд аз ғуссаи гардун хӯрдан
Дил сер шуд аз ғуссаи гардун хӯрдан В-аз дасти ситам силии ҳар дун хӯрдан. То чанд чу ной ҳар нафас нола задан? То кай чу пиёла дамбадам хун хӯрдан?
